Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи 3 муҳоҷири фавтидаи тоҷик дар таркиш маълум шуд


Ҳувияти се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар натиҷаи таркиш дар корхонаи истеҳсоли маводи пиротехникӣ ё оташбозии вилояти Ленинград ҷон бохтанд, маълум шуд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як нафари онҳо 48-сола ва дуи дигар 22-сола ҳастанд.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, “ташхис маълум кард, ки онҳо Расулов Аҳлидин Акрамҷонович, сокини шаҳри Ваҳдат; Акмалзода Осимҷони Ҷумъа, зодаи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) ва Маҳмадалиев Комилҷон Раҳмонович, сокини шаҳри Сарбанд ҳастанд.”

Аҳмадӣ афзуд, намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷират ва консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург барои интиқоли ҷасадҳо ба ватан тамоми талошро хоҳанд кард.

Таркиш дар корхонаи тавлиди маводи протехникии вилояти Ленинград рӯзи 19-уми октябр рух дод. Дар натиҷаи он чаҳор нафар ҷон бохта ва 11 тани дигар маҷруҳ шуд.

Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки дар ин замина бар асоси моддаи риоя накардани техникаи бехатарӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

XS
SM
MD
LG