Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазири хориҷаи Тоҷикистон ва ёвари котиби давлатӣ


Акс аз вебсайти www.af.mil
Акс аз вебсайти www.af.mil

Рӯзи 22 октябр дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Эмилиа Пума баргузор шуд. Вебсайти вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо масоили мухталиф, аз ҷумла, густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ин мулоқот дар остонаи ҷаласаи ҳарсолаи машваратии ИМА ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар хабаре, ки рӯзи 19 октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳамроҳ бо кордори Сафортаи ИМА Кевин Коверт, ҳайати байниидоравӣ масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои стратегии дуҷонибаро бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасӣ мекунанд. Дар ин ҷаласа мубориза бо ифротгароии хушунатомез, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидат ба ҳамгироии минтақавию рушди иқтисодӣ баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG