Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби зиндони тӯлонӣ барои роҳбарони пешини мақомоти қудратии Узбекистон


Айбдоркунандаи давлатӣ 18-уми октябр аз додгоҳи низомии Узбекистон хост, 12 роҳбари пешини Хадамоти амнияти миллӣ, додстонӣ, пулис ва инчунин чанд соҳибкори ӯзбекро ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кунад.

Ба ин тартиб, дархост шуд, ки Шуҳрат Тошпулодов, муовини пешини хадамоти амният 12 сол, муовини раиси амният дар умури амнияти шахсӣ Ҳаёт Шарифҷонов 14 сол, роҳбари Раёсати тафтишотии хадамоти амнияти Узбекистон Нодир Турақулов 16 сол зиндонӣ шаванд.

Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин аз додгоҳ хост, ки ҳамаи рутбаҳои низомӣ ва мукофотҳои давлатии ин афрод бекор карда шавад. Ба ҷуз аз роҳбарои мақомоти қудратӣ, 6 соҳибкори узбек низ дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Айбдоркунандаи давлатӣ барои онҳо аз 6 то 10 соли зиндон талаб кард.

Интизор меравад, додгоҳ аз онҳо ҳамзамон талаб хоҳад кард, ки зарари ба давлат расондаро дар ҳаҷми чандин миллиард сӯми узбекӣ баргардонанд.

Ин афрод дар содир кардани ҷиноятҳое амсоли қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, сӯистифода аз мақоми давлатӣ, истифодаи шиканҷа, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва ғайра, айбдор мешаванд. Интизор меравад, додгоҳ ҳафтаи оянда ҳукм содир кунад.

XS
SM
MD
LG