Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, "он чи бо Хошуқҷӣ рух дод, қобили қабул нест"


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, аз инки Арабистони Саудӣ марги Ҷамол Хошуқҷиро таъйид кард, як пешрафти хуб аст, вале ончи бо Хошуқҷӣ рух додааст, "қобили қабул нест".

Арабистони Саудӣ рӯзи 19-уми октябр марги хабарнигор ва мунтақиди сиёсатҳои Риёз Ҷамол Хошуқҷиро дар дохили бинои консулгарии ин кишвар дар Истанбул тасдиқ кард.

Бар асоси гузориши телевизиони давлатии Арабистон, Хошуқҷӣ дар натиҷаи як "даргирии хушунатомез" дар консулгарӣ ҷон додааст.

Дар ин гузориш ба нақл аз мақомҳо гуфта шуд, ки подшоҳи Арабистони Саудӣ ба хотири кушта шудани Ҷамол Хошуқҷӣ амиқан ибрози таассуф кардааст.

Хошуқҷӣ рӯзи 2-юми октябри имсол барои гирифтани санади издивоҷ ба консулгарии Саудӣ дар Истанбул рафт, вале дигар аз онҷо берун наомад.

Мақомҳои Туркия дар аввал тахмин зада буданд, ки ӯ дар дохили бинои консулгарӣ кушта шудааст.

Бар асоси гузориши хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, дар пайванд ба ин ҳодиса 18 нафар дастгир шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

XS
SM
MD
LG