Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири амнияти миллии ИМА ба Русия ва Қафқоз меравад


Ҷон Болтон
Ҷон Болтон

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико, рӯзи 20-уми октябр ба Русия ва Қафқоз сафар мекунад.

Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки бар асоси гузоришҳо Вашингтон талошҳоро барои берун шудан аз тавофуқномаи атомӣ бо Маскав оғоз кардааст. Вашингтон Русияро ба поймол кардани ин тавофуқнома айбдор мекунад.

Нашрияи The New York Times навишт, Ҷон Болтон ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳушдор хоҳад дод, ки маъмурияти Доналд Трамп омодагӣ дорад, то аз тавофуқномаи атомии соли 1987 хориҷ шавад. Ин тавофуқнома дар замони раёсати Роналд Рейган имзо шуда буд

The New York Times афзудааст, бо вуҷуди ин ҳушдорҳо, Вашингтон тасмими ниҳоиро дар мавриди хуруҷ аз ин созишнома ҳанӯз нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG