Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бе медал монданд


Ҷаҳонгир Маҷидов
Ҷаҳонгир Маҷидов

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонони синашон то 21-сола, ки дар шаҳри Нассау, пойтахти ҷазираҳои Баҳама, ҷараён дорад, 426 варзишгар (240 мард ва 186 зан) аз 67 кишвари панҷ қитъаи олам ширкат меварзад.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ду варзишгари ҷавон - Сомон Маҳмадбеков ва Ҷаҳонгир Маҷидов - намояндагӣ карда, бе медал монданд.

Нахуст Сомон Маҳмадбеков рӯзи 18-уми октябр дар вазни зери 73 кило вориди рақобат шуд. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Ион Насу аз Молдова дар муддати 8 дақиқаю 6 сония ғалабаи соф (“иппон”) ба даст овард. Вале Сомон дар даври баъдӣ аз Жанболат Бактбергенови қазоқ дар зарфи 1 дақиқаю 39 сония бо усули “иппон” шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, Маҳмадбеков аз идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Дар вазни зери 73 кило Билол Силоглу (Туркия) дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Рю Тсукамото (Ҷопон) ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов рӯзи 19-уми октябр дар вазни зери 81 кило рақобат кард. Ӯ дар даври аввал озод буд. Ҷаҳонгир дар даври дуюм бар Паул Ливолси аз Фаронса дар муддати 1 дақиқаю 45 сония бо усули “иппон” ғолиб шуд. Баъдан Никита Дуиновси латвиягиро дар зарфи 3 дақиқаю 3 сония (“иппон”) мағлуб кард.

Баъди пирӯзӣ бар Счимидт Гуилҳермеи бразилиягӣ (4:43, “иппон”) Ҷаҳонгир ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Кристиан Парлатии итолиёвӣ (4:00, “вазари”) мағлуб гашт. Гуштигири тоҷик дар мубориза бари ҷойи сеюм қуввазомоиро ба Лука Майсурадзеи гурҷӣ бохт (1:39, “иппон”) ва дар натиҷа ҷойи панҷумро соҳиб шуд.

Дар вазни зери 81 кило Кристиан Парлати (Италия), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ҳисомара Касаҳара (Ҷопон) пирӯз шуд, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гашт.

Имрӯз, 20-уми октябр, рақобатҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни духтарон, -100 кг, +100 кг байни писарон баргузор мешавад. Дар рӯзи охирини мусобиқа - 21-уми октябр - рақобатҳои дастаии омехта доир мегардад.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ дар ҳар як вазн ба ҷуз медалҳо ҷоизаҳои молӣ супурда шуд:

ба ғолибон - 2000 доллари ИМА (1600 доллар ба варзишгар, 400 доллар ба мураббӣ),

барои ҷойи дуюм - 1400 доллари ИМА (1120 доллар ба варзишгар, 280 доллар ба мураббӣ),

барои ҷойҳои сеюм - 800 доллари ИМА (640 доллар ба варзишгар, 160 доллар ба мураббӣ).

Дар рақобатҳои дастаии омехта барои медали тилло 8000 доллари ИМА, барои медали нуқра 5600 доллари ИМА ва барои медали биринҷӣ 3200 доллари ИМА муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонони синашон то 21-сола, ки моҳи октябр дар шаҳри Загреби Хорватия доир шуд, даҳ варзишгари тоҷик ширкат дошт. Аз байни онҳо ду нафар - Темур Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило ва Сомон Маҳмадбеков дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило - медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон бо касби 2 медали биринҷӣ дар байни 82 кишвар мақоми 17-умро соҳиб гашт.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ, рӯзҳои 17-19-уми октябри соли 2018, шаҳри Нассау:

Писарон

55 кг
1. АЛИЕВ Равшан (Озарбойҷон)
2. АГАЕВ Балабай (Озарбойҷон)
3. ҲАНДА Ҳаят (Ҷопон)
3. ИБРОҲИМОВ Имом (Русия)

60 кг
1. КОГА Генки (Ҷопон)
2. КИНИШИ Сеиширо (Ҷопон)
3. ПАПИНАШВИЛИ Жаба (Гурҷистон)
3. ТОРРЕС Ренан (Бразилия)

66 кг
1. ЛОМБАРДО Мануэл (Италия)
2. МАРСЕЛО Михаэл (Бразилия)
3. АИДА Юҷи (Ҷопон)
3. ЧОПАНОВ Мурод (Русия)

73 кг
1. СИЛОГЛУ Билол (Туркия)
2. ТСУКАМОТО Рю (Ҷопон)
3. МАРКАРЯН Георгиос (Юнон)
3. БАГТБЕРГЕНОВ Жанболат (Қазоқистон)

81 кг
1. ПАРЛАТИ Кристиан (Италия)
2. КАСАҲАРА Ҳиромаса (Ҷопон)
3. АРЕНСИБИА Александр (Канада)
3. МАЙСУРАДЗЕ Лука (Гурҷистон)

90 кг
1. БАКАУРИ Лаша (Гурҷистон)
2. МИРАО Санширо (Ҷопон)
3. МАШИЯМА Косуке (Ҷопон)
3. СИСМАНЛАР Мерт (Туркия)

XS
SM
MD
LG