Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия ба ҳамлаҳои пешгирикунанда даст намезанад


Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки кишвараш аз силоҳи ҳастаӣ танҳо дар ҳолате истифода мекунад, ки агар ба кишвараш ҳамлаи ҳастаӣ сурат гирад. Путин ҳама гуна ҳамлаҳои ҷилавгирикунандаро рад кард ва гуфт, ки Русия аз силоҳи атомиаш танҳо бо ҳадафҳои дифоӣ ва дар сурате истифод хоҳад кард, ки агар системаҳои ҳушдордиҳанда ҳаракати мушакҳои атомиро ба сӯи Русия нишон диҳанд. Дар ин бора президенти Русия рӯзи 18 октябр дар як форуми байналмилалии Сочи изҳори назар кард. Ӯ гуфт:

“Таҷовузгар бояд бидонад, ки ҳатман подоши амалашро мегирад, ин ногузир аст. Ӯ нобуд мешавад. Мо қурбонии ин таҷовуз ҳастем. Мо ҳамчун ҷабрдида ба ҷаннат меравему онҳо ҳамту мемуранд, чунки фурсат намеёбанд, ки тавба кунанд”.

Дар ин нишаст раҳбари Русия инчунин иддао кард, ки кишвараш як мушаки нави босуръаттар аз садо сохтааст.

XS
SM
MD
LG