Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки рӯзноманигори саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ "зоҳиран, дар воқеъ кушта шуда аст". Трамп рӯзи 18 октябр чунин ҷавобро дар посух ба суоли як хабарнигор дод.
Президенти ИМА гуфт, вай мунтазири натиҷаҳои расмии таҳқиқ мемонад, аммо дар сурати исбот шудани даст доштани Арабистони Саудӣ дар марги рӯзноманигор, оқибатҳои он барои Риёз сангин хоҳад буд.
Мақомоти Туркия бовар доранд, ки кормандони консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул дар нопадидшавии рӯзноманигор даст доранд. Вай 2 октябр баъди ворид шудан ба консулгарӣ нопадид гардид. Рӯзноманигор тасмим дошт, барои исботи талоқаш бо ҳамсари пешин аз консулгарӣ санад дарёфт кунад. Муфаттишони туркӣ мегӯянд, Хошуқҷӣ дар ҳудуди консулгарӣ кушта шудааст. Мақомоти Риёз даст доштанашонро дар марги рӯзноманигор рад мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир ин парвандаро гуруҳи тафтишотии Арабистону Туркия тафтиш мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ талаб доранд, ки тафтишот дар сатҳи СММ баргузор шавад.
Хошуқчӣ аз Арабистони Саудӣ фирор ва иҷозаи истиқомат дар ИМА-ро пайдо карда буд. Вай бо нашрияи The Washington Post ҳамкорӣ мекард. Рӯзноманигор дар навиштаҳояш сиёсатҳои кунунии Риёзро нақд мекард.