Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сокини Қавоқ аз таркиши мина дар марзи Афғонистон


Деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.

Як сокини деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) бар асари бархӯрд ба мина дар як мавзеи марзӣ бо Афғонистон ҷон бохта, як нафари дигар маҷруҳ шудааст. Мақомоти интизомӣ дар маҳал мегӯянд, ки ин афрод барои шикор рафта буданд ва дучори ин фоҷеа шуданд.

Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 19-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса пас аз нисфирӯзии 18-уми октябр рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, Орзу Содиқови 22-сола ва Зуҳуршо Раҳматови 29-сола ҳангоми шикор ба мавзеи марзӣ рафта ва ба мина бархӯрдаанд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти интизомӣ бо ҳадафи таҳқиқи марги як сокини Қавоқ ба ҷои ҳодиса рафтаанд.

Як манбаи дигар, ки айни ҳол дар ҳайати мақомоти интизомӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса ба Қавоқ раҳсипор аст, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса тибқи фарзияҳои аввалия, дар мавзеи "Шотроғ" рух додааст.

"Ҳоло дар роҳ ба сӯи маҳалли ҳодиса ҳастем. Тибқи таҳқиқи аввалия ҳодиса дар мавзеи "Шотроғ" рух додааст, онҷо ҷангалзор аст. Баъди расидан ба ҷои ҳодиса боз дақиқ хоҳад шуд, ки ин ҳодиса чигуна иттифоқ афтодааст",-- гуфт манбаъ.

"Шотроғ" дар баландии кӯҳҳои деҳаи Қавоқ ҷойгир буда, бо кӯҳҳои Афғонистон марзи муштарак дорад ва бештари ин мавзеъҳо ҷангалзор аст.

"Минаҳоро пок накардаанд"

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки дар моҳи майи соли гузашта ду сокини ҳамин деҳа Шукрулло Фахриддини 14-сола ва Шоҳрух Хайриддини 13-сола аз таркиши мина ҷароҳат бардошта буданд.

Он замон мақомоти интизомии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ҳодиса дар мавзеи "Хучак", ки то соли 2005 дар онҷо дидбонгоҳи русҳо ҷойгир буд, рух додааст. Ин мақоми интизомии ноҳияи Шӯроободи собиқ гуфта буд, ҳарчанд тибқи барнома бояд то соли 2015 ҳудуди ин ноҳияи наздимарзӣ аз мина пок мешуд, аммо Маркази минарӯбии Тоҷикистон ҳеҷ кореро дар ин мавзеъ анҷом надодааст.

Ба гуфтаи ӯ, Маркази минарӯбии Тоҷикистон танҳо бо корҳои тарғиботӣ иктифо карда, дар амал ба таври назаррас минаҳоро пок накардаанд. Ба гуфтаи мақомот, минае, ки ду кӯдак он вақт захмӣ шуда буданд, навъи ПФМ-1 буда, бо номи русии “Лепесток” маъруф будааст.

Минаҳо - осори ҷанги дохилӣ

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, собиқ Шӯрообод дар марзи Афғонистон қарор дошта, замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз маконҳои даргири миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони буд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифин зери фармондеҳии Абдураҳим Каримов, маъруф бо "Мулло Адураҳим" аз Афғонистон ба ин ноҳия ворид ва бо нерӯҳои ҳукуматӣ ва русҳо даргир мешуданд. Задухӯрд бо гурӯҳи Мулло Абдураҳим дар ғору ҷангалҳои ин ноҳия дар солҳои 1993-1994 давом кардааст.

Зимнан, дар Тоҷикистон дар 20 соли ахир аз таркиши минаҳо 490 нафар осеб дида ва 375 нафар ҳалок шудаанд, ки 90 дарсади онҳо сокинони осоиштаанд. Майдонҳои минкоришуда аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 боқӣ мондааст.

Тафсилот нашр мешавад

XS
SM
MD
LG