Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари қатли журналисти булғорӣ аз Олмон ба София истирдод шуд


Як гумонбар дар қатли журналисти булғорӣ аз Олмон ба Булғористон интиқол дода шуд. Мақомот рӯзи 17 октябр гуфтанд, марде, ки дар таҷовуз ба номус ва куштори журналисти телевизиони Булғористон Виктория Маринова гумонбар мешавад, ба шаҳри София истирдод шуд.

Матбуот гуфт, ки полис нафареро бо исми Северин Красимирови 20-сола аз дохили ҳавопаймо боздошт кард. Ҷасади Мариноваи 30-сола рӯзи 6 октябр дар соҳили дарёи Дунай дар шаҳри Русе ошкор шуд. Мақомот гуфтанд, ки ин зан пеш аз маргаш таҷовуз шуда сараш ҳам осебҳои сангине дошт. Ин ҳодиса бисёриҳоро дар Булғористон шок кард ва боиси маҳкумияти байналмилалӣ шуд.

Виктория Маринова барандаи ТВ буд
Виктория Маринова барандаи ТВ буд

Дар ҳоле, ки бисёриҳо қатли Маринаро бо фаъолиятҳои касбии ӯ рабт медиҳанд, тафтишот гуфтааст, ки феълан ин фарзияро тасдиқ карда наметавонад. Красимиров, ки рӯзи 9 октябр дар шаҳри Штадеи Олмон боздошт шуд, эътироф кард, ки бо ин зан даъво кард ва баъди истеъмоли машрубот ва маводи мухаддир ба рӯи зан бо мушт зад.

Айни замон ӯ иттиҳоми таҷовуз ба номус ва дуздиро рад кардааст. Вале додситони кулли Булғористон Сотир Тсатсаров дар сӯҳбат бо телевизиони «Нова» рӯзи 16 октябр гуфт, ки иттиҳомоти зидди Красимиров «хеле мӯътамад ҳастанд». Онҳо гуфтанд, ки нишонаҳои ДНК-и ин мардро дар тани Маринова ва баъзе молу ашёи ӯро дар хонаи Красимиров дар Русе пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG