Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавони муттаҳам ба таҷовуз ва қатли 8 кӯдакро ба дор овехтанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Покистон як ҷавонеро, ки ба таҷовуз ва қатли 8 кӯдак гунаҳкор дониста мешуд, ба дор овехтаанд.

Ҳукми қатли Муҳаммад Имронро рӯзи 17-уми октябр дар шаҳри Лоҳур ва дар ҳузури падари яке аз кӯдакон Амин Ансорӣ иҷро кардаанд.

Таҷовуз ва қатли Зайнаб, духтари 7-солаи Амин Ансорӣ хашми мардуми Покистон ва ҷомеаи байналмилалиро барангехт. Ҷасади Зайнабро дар як партобгоҳе дар шаҳри Касури Покистон пайдо карданд ва қотил ду ҳафта баъд дастгир шуд.

Музаффар Овон, яке аз мақомоти раёсати зиндонҳои Покистон, гуфт, ки баъди иҷрои ҳукми қатл ҷасади Муҳаммад Имронро барои дафн ба хешовандонашон супурдаанд.

XS
SM
MD
LG