Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Диловар Гулов мавқуф гузошта шуд


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо такя ба дархости вакилони мудофеи парвандаи Диловар Гулов -- писари собиқ вазири энержии Тоҷикистон Гул Шералӣ, мурофиаи ӯро то анҷоми тафтишоти "ҳолатҳои шиканҷа шудани ӯ" аз тарафи кормандони УБОП дар боздоштгоҳ, мавқуф гузоштааст. Додгоҳ мегӯяд, ҳоло маълум нест, ки мурофиаи навбатӣ кай баргузор мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки иддаои латтукӯби Диловар Гулов дар боздоштгоҳ феълан аз сӯи додситонӣ таҳқиқ мешавад.

Ин дархост аз тарафи вакилони дифои Диловар Гулов ба мақомоти вазорати умури дохилӣ ва додситонии Исмоили Сомонӣ рабт дошта, феълан ҳам вакилони дифоъ ва ҳам ҷониби додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур мунтазири натиҷаи тафтишот ҳастанд. Вакилони дифоъ мегӯянд, ҷараёни мурофиаҳое, ки аз тарафи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар пайванд ба парвандаи Диловар Гулов ҷараён гирифт, шаффоф ва одилона аст.

Пайрав Наимзода Сулаймон, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, ки раёсати мурофиаи Диловар Гуловро бар дӯш дорад, рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "рӯзе, ки ҷавоби дархостҳо ба додгоҳ ворид шуд, мурофиаи баъдиро таъин хоҳем кард". Аммо ӯ дар бораи мӯҳтавои ин дархостҳо сӯҳбат накард.

Дархости вакилони Гулов аз додгоҳ

Вакилони дифои Диловар Гулов мегӯянд, ки ба хотири шаффоф ва воқеӣ сурат гирифтани ҷараёни баррасии парванда, аз додгоҳ (манзур додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур) дархост карда шудааст, ки масъалаи шиканҷа шудани зерҳимояаашон дар вақти боздошт дар СИЗО аз тарафи кормандони УБОП санҷида шуда, натиҷаи он пешниҳод карда шавад.

"Дуввум, дархост карда шудааст, ки ҳодисаи муноқишаи Диловар Гулов бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола, ки гӯё ӯро латукӯб карда бошад, аз тарафи додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пурра санҷида шуда, хулосааш ба додгоҳ ироа гардад",-мегӯяд вакили дифои Диловар Гулов генерали адлия Саодат Амиршоева.

Саодат Амиршоева.
Саодат Амиршоева.

Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафашон мунсифона сурат гирифтани ҷараёни мурофиа аст ва намехоҳанд хулосаи додгоҳ тавре гирифта шавад, ки баъди ҳукм боз моҷаро ва кашмакаш бар сари ин қазия идома кунад.

Саодат Амиршоева афзуд, Диловар як ҷавони 22-сола аст ва ба ин қаду қомат, зӯру тавононаш ба ҷабрдида -- афсари милиса ба ҳеҷ сурат намерасад: "Мо наметавонем бигӯем, ки Диловар бегуноҳ аст, вай қисман худро гунаҳгор меҳисобад, вале ҳукми додгоҳ бояд одилона бошад",-афзуд вай.

"Мо аз ҷараёни мурофиаҳое, ки то кунун сурат гирифт, қонеъ ҳастем, чунки додрас Пайрав Наимзода судяи касбӣ буда ва ҳаматарафа ва мунсифона ба ҷараёни баррасӣ муносибат дорад",-мегӯяд Саодат Амиршоева.

Мақомот: "Иддаои Гулов санҷида мешавад"

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, иддаои латтукӯби Диловар Гулов феълан аз сӯи додситонӣ таҳқиқ мешавад. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 9-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, наздикони Гулов дар ин замина ба мақомоти дахлдор шикоят кардаанд.

Сухангӯи ВКД афзуд, танҳо санҷиши мунсифона ва беғаразона муайян мекунад, ки иддаои латту кӯби Диловар Гулов асос дорад ё не. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Диловар Гулов дар додгоҳ худро қисман гунаҳкор ҳисоб карда, аммо гуфтааст, ҳодисаи латукӯби Дилшод Нарзуллозода бо айби худи ӯ сар зад.

Ҳодисаи латту кӯби Дилшод Нарзуллозода -- корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва боздошти Диловар Гулов шоми 8-уми июл сар зад.

Ҳодиса дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух дод ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда, ӯро латукӯб кард. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.

Табибони шифохонаи Қарияи Боло қаблан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин муноқиша устухони гуна ва бинии Нарзуллозода шикастааст Табибони шифохона рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Дилшод Нарзуллозода ҳамчунин аз ноҳияи сараш осеби ҷиддӣ дидааст.

Диловар Гулов - сари забони расонаҳо

Номи Диловар Гулов аз ин пеш моҳи марти имсол сари забони расонаҳо шуд. Ӯро рӯзи 10-уми март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт карданд.

Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистон.
Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистон.

​Ӯ барои чунин қонуншиканӣ ба панҷ рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Як ҳафта баъд аз раҳоӣ дигарбора гузориш расид, ки Диловар Гулов барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи мошинаш ҷарима шудааст. Аммо наздикони Гулов борҳо ба бегуноҳии ӯ исрор карда, ӯро қурбонии "шикор"-и мақомоти умури дохилӣ хонда буданд.

Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистон дар як сӯҳбати худ ба Радиои Озодӣ дар бораи писараш Диловар гуфта буд, "мумкин аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус умури дохилӣ ягон "шикоре" аз пушти фарзандони мо аст."

Қазияи боздошти Диловар Гулов давоми се моҳи ахир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд баррасӣ шуд. Бархе бо ишора ба фарзанди Гул Шералӣ будани ӯ ишора мекарданд, ки дар ниҳоят дигарон дар латукӯби милиса "гунаҳкор" мебароянд ва Диловар озод хоҳад шуд. Аммо зоҳиран мақомоти умури дохилӣ корро ҷиддӣ гирифтаанд ва писари собиқ Вазири энержии Тоҷикистон феълан дар ростои аз 5 то 7 соли зиндон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG