Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Абдуллоев сардовари қаҳрамонии самбои ҷаҳон таъйин шуд


Рӯзҳои 20-21-уми октябр дар шаҳри Касабланкаи Марокаш мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон баргузор мешавад.

Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS) мутахассиси варзидаи тоҷик Маҳмуд Абдуллоевро сардовари мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни устодон таъин намудааст. Ин довари маъруф, ки раиси комиссиюни доварони Иттиҳоди самбои Осиё мебошад, бори чорум ба Марокаш сафар мекунад ва барои бори дувум дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ вазифаи сардоварро ба зимма дорад.

Довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев рӯзи 17-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Касабланка варзишгарони собиқадор мувофиқи синашон дар ҳафт гурӯҳ - 35-39, 40-44, 45-49, 50-54, 55-59, 60-64, аз 65-сола боло – аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо - 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг – миёни мардон рақобат мекунанд.

Ба иттилои Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон ду паҳлавони пуртаҷриба - Суҳроб Бердиев ва Ҷамшед Саломов ширкат меварзанд. Бердиев дар гурӯҳи устодони синашон 35-39-сола ва Саломов дар гурӯҳи гуштигирони синашон 40-44-сола дар вазни беш аз 100 кило барои мелалҳо мубориза хоҳанд бурд.

Барномаи мусобиқа

20-уми октябр (шанбе): 50-54, 55-59, 60-64, аз 65 боло дар вазнҳои 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг,

21-уми октябр (якшанбе): 35-39, 40-44, 45-49 дар вазнҳои 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг.

Маҳмуд Абдуллоев орзу дорад, ки самбо ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил шавад. Вай мегӯяд, “барои ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил шудани самбо Федератсиони байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба субут расондааст ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ пешниҳод гардидааст. Самборо Шӯрои олимпии Осиё эътироф карда, ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил намуд. Фикр мекунам, ки дар оянда самбо, инчунин аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта мешавад”.

Маҳмуд аз сулолаи паҳлавонон Абдуллоевҳо мебошад. Гуштиро аз амакаш Исмат Абдуллоев омӯхтааст. Ин мураббии маъруф шогирдони зиёде тарбия кардааст ва дар байни онҳо машҳуртаринаш ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов мебошад.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Маҳмуд аз солҳои 80-уми асри гузашта ба гуштии самбо машғул шуда, дар ин ришта ҳамчун варзишгар муваффақ гаштааст ва то ба дараҷаи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ расидааст. Баъдан ба унвони “Мураббии шоистаи Тоҷикистон” мушарраф шудааст. Ва аммо Маҳмуд Абдуллоевро бештар ҳамчун довари варзида эътироф мекунанд. Вай алъон ягона мутахассиси тоҷик аст, ки дар мусобиқоти бузурги байналмилалӣ ба ҳайси сардовар ифои вазифа менамояд ва боиси ифтихори мост”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG