Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе - «Душанбе-83»-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд рӯзи чоршанбе, 17-уми октябр, барпо мегарданд.
Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, бинобар ширкати мунтахаби кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду «Bangabandhu Gold Cup» дар Бангладеш, бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки бояд рӯзҳои 14-15-уми октябр доир мешуданд, ба муҳлати дигар – 17-уми октябр – гузаронида шуданд. Бозиҳои ҷавобӣ 21-уми октябр сурат мегиранд.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
Соли гузашта дастаи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.
Ҷоми Тоҷикистон-2018
Нимфинал. Бозиҳои аввал
17-уми октябр (чоршанбе)
«Истиқлол» – «Душанбе-83»
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»
Главный судья: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ
21-уми октябр (якшанбе)
«Душанбе-83» – «Истиқлол»
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»