Мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон баъди се давр ба анҷом мерасад. Инчунин бозиҳои мавқуфгузоштаи дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе доир мегарданд.
Дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан, ки дар 23 бозӣ 61 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал қарор дорад. Футболбозони Истаравшан агар дар даври навбатӣ 20-уми октябр дар майдони худ бар тими «Исфара»-и шаҳри Исфара ғолиб шаванд, онгоҳ пешакӣ барандаи медалҳои тилло гардида, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими соли 2019 мушарраф хоҳанд шуд.
Ба дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд, ки бо 54 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад, барои гирифтани медалҳои нуқра дар се бозии охирин як имтиёз кофист. Дастаи “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат бо 45 имтиёз дар ҷойи сеюм аст. Барои дарёфти медалҳои биринҷӣ рақибони “Ваҳдат” дастаҳои “Душанбе-83”-и шаҳри Душанбе, “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ ва “Парвоз”-и Фурудгоҳи Хуҷанд мебошанд.
Мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон
Даври 23-юм
«Ҳулбук» – «Шоҳин» – 3:0
«Зарафшон» – «Сомон» – 0:4
«Парвоз» – «Ваҳдат» – 2:0
«Дӯстӣ» – «Эсхата» – 0:1
«Равшан» – «Душанбе-83» – 3:5
«Саройкамар» – «Истаравшан» – 1:4
Мақеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
23 |
19 |
4 |
0 |
56-14 |
61 |
2 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
23 |
17 |
3 |
3 |
50-30 |
54 |
3 |
«Ваҳдат» (Ваҳдат) |
23 |
14 |
3 |
6 |
48-25 |
45 |
4 |
«Душанбе-83» (Душанбе) |
23 |
13 |
4 |
6 |
55-32 |
43 |
5 |
«Саройкамар» (Панҷ) |
22 |
13 |
3 |
6 |
42-25 |
42 |
6 |
«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд) |
22 |
12 |
3 |
7 |
34-22 |
39 |
7 |
«Исфара» (Исфара) |
22 |
11 |
2 |
9 |
39-33 |
35 |
8 |
«Сомон» (Данғара) |
23 |
8 |
4 |
11 |
48-45 |
28 |
9 |
«Дӯстӣ» (Ҷайҳун) |
22 |
7 |
1 |
14 |
31-50 |
22 |
10 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
22 |
6 |
3 |
13 |
28-49 |
21 |
11 |
«Локомотив-Помир» (Душанбе) |
14 |
4 |
2 |
8 |
26-27 |
14 |
12 |
«Шоҳин» (Муъминобод) |
22 |
3 |
2 |
17 |
26-61 |
11 |
13 |
«Зарафшон» (Панҷакент) |
22 |
3 |
2 |
17 |
25-58 |
11 |
14 |
«Ҳулбук» (Восеъ) |
21 |
3 |
2 |
16 |
19-56 |
11 |
Даври 24-ум
18-уми октябр (панҷшанбе)
«Ваҳдат» – «Локомотив-Помир»
«Эсхата» – «Равшан»
«Шоҳин» – «Зарафшон»
19-уми октябр (ҷумъа)
«Душанбе-83» – «Саройкамар»
«Сомон» – «Дӯстӣ»
«Парвоз» – «Ҳулбук»
20-уми октябр (шанбе)
«Истаравшан» – «Исфара»
Оғози бозиҳо – соати 14:30