Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русия дар давр задани таҳримҳои ИМА ба Эрон кумак мерасонад"


Ҳасан Руҳонӣ, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Ҳасан Руҳонӣ, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Русия ният дорад, ки барои давр задани таҳримҳои амрикоӣ ба Эрон кумак кунад. Таҳримҳое, ки содироти нафти Эронро фалаҷ кардаанд ва ба иқтисоди ин кишвар зарбаи сахт мезананд.

Дар ин бора хабаргузории исроилии mako.co.il бо такя ба "ҳуҷҷати махфии вазорати корҳои хориҷии Русия" хабар медиҳад.

Бино бар ин санад, Эрон нафти хомро тавассути баҳри Хазар ба корхонаҳои коркарди нафти Русия мефиристад ва Русия онро ба кишварҳои дигар мефурӯшад. Ин низоми давр задани таҳримҳо ҳамкории на танҳо Русияву Эронро дар бар мегирад, балки кишварҳои Аврупо ҳам "хомӯшона розӣ мешаванд, ки Эрон нафташро ба фурӯш барорад", - менависад хабаргузорӣ.

Ташаббуси давр задани таҳримҳо гӯё дар мулоқоти президентҳои Русия, Эрон ва Туркия дар шаҳри Теҳрон дар ибтидои моҳи сентябр ҳосил шудааст.

Моҳи май ИМА аз "созиши ҳастаӣ"-и Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ хориҷ шуд ва бахше аз таҳримҳои зидди иқтисоди Теҳронро эҳё кард. Созиши ҳастаӣ нармиши таҳримҳои зидди Эрон ба ивази даст кашидани Теҳрон аз барномаҳои ҳастаиро дар назар дорад. Бахши дуввуми таҳримҳо, ки содироти нафти Эронро ҳадаф қарор медиҳад, авоили моҳи ноябр шурӯъ хоҳад шуд.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи чоршанбе дар форуми Энергетикии Маскав гуфт, ки афзоиши қиммати нафт"натиҷаи мустақими сиёсати ИМА ", аз ҷумла нисбати Эрон аст.

XS
SM
MD
LG