Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо аз Риёз даъват кард, ки ба иттиҳом посух диҳад


Акси Хошуқҷӣ дар дасти эътирозгарон. Туркия, 2 октябри соли 2018
Акси Хошуқҷӣ дар дасти эътирозгарон. Туркия, 2 октябри соли 2018

Вазирони корҳои хориҷии Британия, Фаронса ва Олмон аз Арабистони Саудӣ даъват карданд, ки ба таҳқиқи қазияи нопадидшавии журналист Ҷамол Хошуқҷӣ мусоидат кунад ва ба иттиҳоми даст доштанаш дар қатли Хошуқҷӣ посух диҳад.

Дар изҳороти мушткараки Ҷереми Ҳант, Жан-Ив ле Дриан ва Ҳайко Маас, ки дар сомонаи Вазорати хориҷии Британия нашр шуд, гуфта мешавад, ки сарнавишти журналист, шароити нопадидшавии ӯ бояд мушаххас шавад ва гунакорон ба ҷавогарӣ кашида шаванд.

Ҷамол Хошуқҷӣ - раҳбари шабакаи телевизионии Al Arab News аст, ки бо матбуотӣ арабӣ ва ғарбӣ ҳамкорӣ дошт. Ӯ аз мунтақидони сиёсати феълии Риёз номбар мешуд.Хошуқҷӣ рӯзи 2 октябр ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул ворид шуд ва бинобар шаҳодати арусшавандааш дигаро аз онҷо набаромад.

Туркия мегӯяд, ки Хошуқҷӣ дар дохили консулгарӣ кушта шуд ва нашрияи "Сабо"-и Туркия иддао кард, ки навори куштори ӯро дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG