Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон мехоҳанд, ақидаи тенгрианӣ дин эътироф шавад


Шамани қирғиз Кубанчибек Тезекбоев
Шамани қирғиз Кубанчибек Тезекбоев

Намояндагони чанд созмони ҷамъиятӣ дар Қирғизистон мегӯянд, ки бинобар сабт нашудани ақидаҳои тенгрианӣ онҳо наметавонанд боварҳои худро расман таблиғ кунанд.

Комисияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон қаблан низ аз эътирофи тенгрианӣ ҳамчун дин даст кашида буд.

Намояндагони созмони ҷамъиятии "Қыргыз эл касиети академиясы" дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон нишасти хабарӣ баргузор карданд. Нашарат Жакипбеков, раиси ин созмон гуфт, ба далели пӯштибонӣ нашудан аз сӯи давлат наметавонанд таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд.

"Агар Комисияи давлатӣ моро сабти ном мекард, аввалан, мо дар майдони ҳуқуқӣ соҳиби неру мешудем. Сониян, мо дубора имкон пайдо мекардем, ки илми фаромӯшшударо баргардонем. Мактабҳо ва дигар муассисаҳо боз мекардем", - гуфт Жакипбеков.

Шаршенаалӣ Кабатегин, узви дигар созмон гуфт, ки онҳо мисли дину оинҳои дигар наметавонанд чорабиниҳои бузург баргузор кунанд. Ба гуфтаи вай, қирғизҳо бояд оини қадимии худ - тенгрианиро баргардонад, зеро фалсафа ва анъанаҳои қирғизӣ дар ҳоли фаромӯш шудан аст.

Ташаббуси сабти ном кардани тенгрианӣ ҳамчун чин 10 сол аст, ки давом дорад.

XS
SM
MD
LG