Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари марзбонии тоҷик дар дарёи Панҷ ғарқ шуд


Як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шанбеи 13-уми октябр дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар пайи ғарқ шудан дар дарёи Панҷ, ба ҳалокат расидааст. Як манбаъ аз нерӯҳои марзбонӣ Тоҷикистон душанбеи 15-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Сӯҳроб Қосимов рутбаи капитан дошта, сардори яке аз дидбонгоҳи сарҳадии қисми низомии 0307 дар ноҳияи Ҳамадонӣ буд.

Манбаъ афзуд, дар пайи дарёфти хабар, ки марзшиканҳо сарҳадро аз самти Афғонистон убур кардан, Қосимов барои назорат меравад, аммо дар дарё ғарқ шуда, то расидани имдодгарон, ба ҳалокат мерасад.

"Сардори дидбонгоҳ будааст, замоне хабар мерасад, ки марзшиканҳо мехоҳанд марзро убур кунанд, Қосимов барои назорат ба марз меравад. Инчунин ҳамроҳи Суҳроб Қосимов, сарбози қатори Худойдод Худойдодов будааст. Ҳангоми назорат дар марз мехоҳанд як шохобро убур намоянд, ки сардори дидбонгоҳ ғарқ мешавад. Сарбоз кӯшиши баровардани афсарро мекунад, аммо бинобар сардӣ ба ин кор муваффақ намешавад. Ба сарбозон хабар мерасонад, вале то омадани имдодгорон, афсар ба ҳалокат мерасад",-гуфт манбаъ.

Ин манбаъ дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки ҷасади Суҳроб Қосимови 27-сола баъди ташхис ба зодгоҳаш деҳаи Матоиби ҷамоати Унчии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурда шуд. Вале сарбоз Худойдод Худойдодов дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ карда шуд ва ҳоло ба худ омадааст. Ин сарбоз як сол пеш аз Комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан ба хизмат ҷалб шуда буд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин хабарро таҳқиқ карда, ба зудтарин фурсат натиҷаашро ба матбуот ироа хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG