Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Турсунов набояд аз Беларус ба Тоҷикистон истирдод шавад


Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, дар сурати истирдоди варзишгари тоҷик Парвиз Турсунов ба ватан, ба ӯ шиканҷаву бадрафторӣ таҳдид мекунад.

Созмонҳои Human Rights Watch, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Кумитаи норвежии Ҳелсинки рӯзи 11-уми октябр бо ҳимоят аз Турсунов изҳорот пахш карданд. Онҳо аз мақомоти Беларус даъват карданд, ки дар ҳеҷ сурат Парвиз Турсуновро ба Тоҷикистон истирдод ё ихроҷ накунанд.

Мақомоти интизомии Беларус рӯзи 28-уми сентябр эътироф карданд, ки Парвиз Турсунов, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистонро дар фурудгоҳи ин кишвар боздошт карданд. Бозигари пешини дастаи "Хайр"-и шаҳри Ваҳдат рӯзи 18-уми сентябри имсол дар фурудгоҳи миллии Минск дастгир шуд.

Хабаргузории расмии "Белта" рӯзи 28-уми сентябр аз қавли Дмитрий Брилев, намояндаи расмии Додситонии кулли Беларус, гуфт, Турсунов дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Минск нигаҳдорӣ мешавад ва дар ростои истирдод ба ватан аст.

Ӯ гуфтааст, Додситонии кулли Беларус ҷониби Тоҷикистонро аз боздошти Парвиз Турсунов, ки барои фаъолияти экстремистӣ ҷустуҷӯ мешуд, огоҳ кардааст ва мунтазири дастрас шудани асноди зарурист. "Пас аз онки санадҳо дастрас шуд, онро меомӯзем ва баҳои ҳуқуқӣ медиҳем", - афзудааст Брилев.

Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфта буданд, ки ба истирдоди Парвиз Турсунов, футболбози собиқи тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат омодагӣ мегиранд.

Мақомот мегӯянд, алайҳи Парвиз Турсунов моҳи феврали имсол бар асоси моддаи 307, замимаи 1-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон – “Даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ” – парванда боз шудааст.

Турсунов ҳафт сол пеш барои риши дарозаш аз ҳайати тими “Хайр”-и Ваҳдат берун андохта шуд ва тавре хонаводааш мегӯянд, ҳафт соли охир дар Дубай ва Туркия зиндагӣ мекард. Ин хонаводаи иборат аз зану шавҳар ва чаҳор кӯдак озими Аврупо буданд. Мақомоти Беларус Турсуновро боздошт ва зану кӯдаконашро ба Украина фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG