Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе тарабхонаи "Citir Usta" оташ гирифт. АКС, ВИДЕО


Дар маркази Душанбе тарабхонаи туркии "Citir Usta" ("Четируста"), ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзода-4 ҷойгир аст, оташ гирифт. Ҳодиса баъди соатҳои 11 рӯзи 12 октябр рух дод. Хадамоти сӯхторнишонӣ, ки дар фурсати кӯтоҳ ба ҷои ҳодиса се мошини зидди сӯхторро фиристоданд, мегӯянд, дар панҷ дақиқа тавонистанд сӯхторро хомӯш кунанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса бо такя ба маълумоти мақомоти интизомӣ мегӯяд, ки ҳеҷ касе дар ин ҳодиса осеб надид.

Дар Душанбе тарабхонаи "Citir Usta" оташ гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Сӯхторнишонҳо мегӯянд, ки тибқи арзёбии муқаддамотӣ, дар паи сӯхтор дар ошхонаи воқеъ дар ошёнаи яки як бинои бисёртабақа - алангаи оташ тавассути дудбаро то ба боми ин бино баланд шуд. Бархе сокинони бинои истиқоматӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар дохили чанд хонае, ки дар болои тарабхона ҷойгиранд, яхдону кондисионерҳо аз кор баромад.

Феълан сабаби сӯхтор мушаххас нест, танҳо тахмин мекунанд, ки шояд ҳавокаши ошхона аз кор баромад ва боиси сӯхтор шуд.

XS
SM
MD
LG