Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доктор Абдуллоҳ ба Душанбе омад. Дар интизори Медведев... ва Ли Кесян


Нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) рӯзи 12-уми октябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, дар ин нишаст ҳайатҳо аз Ҳинду Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия ва Узбекистон иштирок кунанд.

Қаблан ҳукумати Русия ҳузури Дмитрий Медведевро дар ин ҷаласа тасдиқ карда буд. Ҳамчунин, нахуствазири Чин Ли Кесян дар иҷлоси нахуствазирони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тоҷикистон ширкат мекунад. Мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар назар аст.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон рӯзи панҷшанбе барои иштирок дар ин нишаст ба Душанбе омад. Ҳамин рӯз доктор Абдуллоҳ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва ду тараф “аз бархӯрдҳои хунин дар кишварҳои исломӣ, паҳншавии фаъолияти харобиовари нерӯҳои террористиву экстремистӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ” изҳори ташвиш кардаанд.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой барои ҳамкориҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ташкил шудааст. Ин созмон соли 2001 аз сӯи Чин, Русия, Қазоқистон Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон таъсис шудаааст. Ахиран Ҳиндустону Покистон низ ба узвияти ин созмон пазируфта шуданд. Муғулистон, Эрон ва Афғонистон дар созмон нақши нозирро доранд.

XS
SM
MD
LG