Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Фаронса дар Узбекистон "Бухорои қадим"-ро месозад


Шаҳри қадимӣ дар Бухоро
Шаҳри қадимӣ дар Бухоро

Бонки миллии Узбекистон (БМӮ) дар ҳамкорӣ бо бузургтарин ширкати сохтмонии Фаронса -- "Bouygues" дар Бухоро тарҳи сайёҳиеро иҷро хоҳад кард.

Ба иттилои Review.uz, масъулони БМӮ ва "Bouygues" қарордодро дар ин робита дар ҳошияи сафари расмии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Порис имзо карданд. Харҷи тарҳ 100 миллион евро гуфта мешавад.

Ин созишнома бунёди минтақаи сайёҳии "Бухорои қадим"-ро пешбинӣ мекунад, ки аз сӯи президент Мирзиёев дар доираи "Барномаи рушди тавонмандии шаҳр ва вилояти Бухоро барои солҳои 2017-2019" пешниҳод шудааст. Дар доираи тарҳ дар масоҳати 10 ҳектар замин меҳмонсаро, маркази тиҷориву фароғатӣ, тарабхонаҳо, маҷмааҳои зист ва боғҳо бунёд мешавад.

"Bouygues" ҳамчунин ба ҷалби сармоягузорони нав барои иҷрои тарҳҳои ҳамсон дар Узбекистон муосидат мекунад ва тадриҷан тарҳҳои бунёди меҳмонсарою истироҳатгоҳҳоро дар шаҳрҳои дигари Узбекистон амалӣ мекунад.

Bouygues Batiment International SAS яке аз бузургтарин ширкатҳои бинокории Фаронса аст, ки соли 1952 таъсис ёфт. Сармояи он 25 миллиард евро гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG