Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи раҳбарони олами ҷиноии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Истамбул


Нодир Салифов Лоту Қулӣ
Нодир Салифов Лоту Қулӣ

Дар маҳаллаи Оқсаройи ноҳияи Фотеҳи шаҳри Истамбул ҷамъомади раҳбарони олами ҷиноии Қафқоз ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ин "ҷаласа" рӯзи 7 октябр баргузор шуд ва таҳти раёсати раҳбари олами ҷиноии Озарбойҷон Нодир Салифов, маъруф ба "Лоту Гулӣ" гузашт.

Ба гуфтаи ду манбаъ аз Узбекистон, дар ҷамъомад даҳҳо намояндаи олами ҷиноии Қафқоз ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки феълан дар Туркия ба сар мебаранд, иштирок доштанд.

"Дар ҷаласа ҳудуди 100 намояндаи олами ҷиноии Ӯзбекистон, ки дар Истамбул зиндагӣ мекунанд, ҳузур доштанд. Ҳамчунин 30 намоянда аз Қазоқистон ва ҳудуди 50 тани дигар аз Қирғизистону Тоҷикистон омада буданд", - гуфт яке аз иштирокдорони ҷамъомад.

Ба гуфтаи яке аз иштирокдорони дигар, ҷамъомади Истамбул яке аз бузургтарин вохӯриҳои раҳбарони олами ҷиноӣ буд. "Дар он асосан масъалаҳои баҳсбарангез ва "додгустарӣ"-и ин баҳсҳо баррасӣ шуд. Ҳамчунин шеваи харҷи пулҳое баҳс шуд, ки ба буҷаи умумӣ" ворид мешаванд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Манбаъ гуфт, Салифов дар вохӯрӣ аз як соҳибкори узбек хост, 10 миллион долларро, ки аз "буҷаи умумӣ" ба ӯ дода буд, то ибтидои соли 2019 баргардонад. Ин соҳибкор ба содироти меваву сабзавот аз Узбекистон машғул буда, ному насабаш ифшо намешавад.

Бино ба хабари расонаҳо, пулиси Истамбул пас аз баргузории ҷамъомад, шаби 8 октябр Салифови 46-соларо боздошт кардааст. Ба иттилои нашрияи "Ҳуррият", ӯ бо гумони "қасди куштор, қочоқи маводи мухаддир ва қаллобӣ" дастгир шудааст.

Нодир Салифов, маъруф ба "Лоту Гулӣ" яке аз раҳбарони машҳури олами ҷиноӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ аст, ки баъди 22 соли зиндон бо ҷурми "куштор", "нигаҳдории силоҳ", "қаллобӣ" ва "фурӯши маводи мухаддир" соли 2017 ба озодӣ баромад.

XS
SM
MD
LG