Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия соли оянда дубора аз Туркманистон газ мехарад


Владимир Путин ва Алексей Миллиер
Владимир Путин ва Алексей Миллиер

Ширкати "Газпром"-и Русия соли оянда дубора ба воридоти гази Туркманистон, ки се сол пеш қатъ шуда буд, оғоз мекунад.

Раҳбари Газпром" Алексей Миллер рӯзи 9 октябр дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии Туркманистон гуфт, воридоти газ, ки бинобар баҳси қиммати он мутавақиф шуда буд, оғози соли оянда дубора шурӯъ мешавад.

"Мо дар бораи азсаргирии харидории гази Туркманистон дар ояндаи назик -1 январи соли 2018, гуфтугӯ дорем",- гуфт Миллер ва афзӯд, ки ҷузъиёти созиши нав бояд ниҳоӣ шавад.

Русия, ки замоне аз харидорони аслии гази Туркманистон буд, дар пайи баҳси нархи паст, ки ба Ишқобод пешниҳод карда буд, маҷбур шуд худро ба Чин таслим кунад.

Харидории гази арзон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тавони Русияро барои истихроҷ ва содироти гази худӣ ба Аврупо бештар мекунад.

Соли 2015 "Газпром" эълон кард, ки воридоти гази Туркманистонро то 4 миллиард метри мукааб коҳиш медиҳад. Соли 2010 Русия аз Туркманистон солона 10 миллард метри мукааб газ ворид мекард.

Интиқоли гази Туркманистон тавассути лулаи Осиёи Марказӣ - Чин солона аз 30 то 40 миллард метри мукаабро ташкил медиҳад.

Туркманистон, ки аз ҷиҳати захираи гази табии дар ҷаҳон ҷойи чаҳорумро дорад, пеш аз коҳиши шадиди содироташ, ки ба думболи таркиши асроромези лулаи интиқоли газ ба миён омад, ба Русия низ ба ҳамин миқдор энерҷӣ содир мекард. Лулаи интиқоли газ дар ҳоле таркид, ки Русия ва Туркманистон ба баҳси қимматҳо ворид шуданд.

XS
SM
MD
LG