Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари куштори рӯзноманигори Булғористон дар Олмон боздошт шуд


Гулгузорӣ ба хотири Виктория Маринова, дар поияи Пайкараи Озодӣ дар шаҳри Рус. 8 октябри соли 2018
Гулгузорӣ ба хотири Виктория Маринова, дар поияи Пайкараи Озодӣ дар шаҳри Рус. 8 октябри соли 2018

Гумонбари куштори ровии телевизиони Булғористон Виктория Маринова дар Олмон боздошт шуд. Дар ин бораи шабакаи телевизионии Nova-и Ҷумҳурии Чех рӯзи 10 октябо бо такя ба манбаҳояш хабар дод. Маринова охири ҳафтаи гузашта дар зодгоҳаш - шаҳри Русеи Булғористон таҷовуз ва бераҳмона кушта шуд.

ДНК-и гумонбар бо намунаҳое мувофиқ омад, далелҳои шайъи ошкор кард. Сокинони шаҳри Русеи Булғористон гуфтанд, ки шахси боздоштшударо мешиносанд. Ӯ Северим Красимирови 21 сола аст.

Ҳамзамон шабакаи телевизиони хусусии bTV бо такя ба манбаҳояш мегӯяд, ки дар хонаи гумонбари куштор телефони мобили Виктория Мариноваро пайдо карданд. Ба гуфтаи матбуоти Булғористон, Красимиров ҳанӯз рӯзи 7 октябр ба Олмон фирор кард. Модари ӯ дар он кишвар зиндагӣ мекунад.

Тасдиқи расмии ин хабарҳо то ҳол дарёфт нашудааст.

Виктория Мариноваи 30-сола мудир ва барандаи телевизиони TVN буд, ки таҳқиқотҳои пурсарусадоро пахш мекард. Ҷасади рӯзноманигорро рӯзи 6 октябр дар боғ пайдо карданд. Ба маълумоти пулис, Мариноваро пеш аз қатл латтукӯбу таҷовуз ва сипас бӯғӣ кардаанд. Мақомот гуфтанд, куштори рӯзноманигор ба фаъолияти ӯ рабт надорад.

Ба иттилои сомонаи Politico, рӯзноманигор бо ҳамкорони худ харҷи пулҳоеро таҳқиқ мекард, ки Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои беҳбуди иншооти зербиноӣ ҷудо карда буд. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, аз 30 то 40%-и пулҳо рабуда ва ё ба ришва сарф шудаанд.

XS
SM
MD
LG