Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон воридоти гӯшти мурғи Қазоқистонро маҳдуд кард


Қирғизистон воридоти гӯшти мурғро аз Қазоқистон муваққатан маҳдуд кард. Дар ин бора Бозрасии давлатии бехатарии байторӣ ва санитарии Қирғизистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи сухангӯи ин ниҳод Роҳат Содирбекова, Қирғизистон дар ҳоле воридоти гушти мурғи кишвари ҳамсояро маҳдуд ки, ки баъзе маълумот дар бораи эҳтимоли бемории зукоми мурғ дар Қазоқистон пахш шуд. Ҳоло Бишкек иттилои расмии Остонаро дар ин робита интизор аст.

Маҳдудуият вобаста ба посухи хадамоти бехатарии байторӣ ва санитарии Қазоқистон бекор ё тамдид мешавад.

"То комилан муайян шудани вазъ муваққатан маҳдудият ҷорӣ шудааст. Тасмими баъдӣ дар асоси посухи расмии ҷониби Қазоқистон гирифта мешавад. Агар вазъ дар кишвари ҳамсоя хуб бошад, маҳдудият бекор карда мешавад", - афзуд Содирбекова.

Бозрасии давлатии бехатарии байторӣ ва санитарии Қирғизистон ҳамчунин мегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое дар бораи ошкор шудани бемории "Нюкасл" дар гӯшти паранда нашр шудааст, ки воқеият надоранд.

XS
SM
MD
LG