Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов барои "саҳмаш" дар рушди ВАО ҷоиза гирифт


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Маҷмаи умумии Иттиҳоди нашароти Осиёи ва Уқёнуси ором (ABU) ба президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои саҳмаш дар рушди матбуот ҷоиза дод. Нишасти ин созмон рӯзи 4 октябр дар Ишқобод баргузор шуд.

Ба иттилои хабаргузории расмии Туркманистон, ҷоиза ба Бердимуҳаммадов пас аз мулоқоти ӯ бо дабири кулли ABU Ҷавод Моттагӣ, президенти кунунии ABU, дабири кулли телевизиони давлатии "Дурдаршан"-и Ҳиндустон Суприя Саху, муовини президенти ABU ва президенти иттиҳодияи нашароти Ҷопон (NHK) Риоичи Уэд тақдим шудааст.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳасои туркманашро барои ин ҷойиза табрик кард. "Ҷоизаи созмони бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати сулҳдӯстона ва созандаи хориҷиву дохилии Туркманистон таҳти раҳбарии хирадмандонаи шумо, эътирофи дастовардҳои Туркманистон дар бахши рушди ВАО ва фазои иттилооти ҷаҳониро бори дигар тасдиқ кард", - нашитааст хабаргузоии Туркманистон бо такя ба матни табрикоти Мирзиёев.

Дар Туркманистон расонаи мустақил вуҷуд надорад ва рӯзноманигороне, ки бо расонаҳои ғайридавлатӣ ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷумла хабарнигорони Бахши туркмании Радиои Озодӣ пайваста таъқиб ва боздошт мешаванд.

Туркманистон яке аз кишварҳои пӯшидатарини ҷаҳон аст, ки дастрасии сокинонаш ба иттилоъ шадидан маҳдуд мешавад. Созмонҳои байналмилалӣ дар гузоришҳои худ ҳамеша Туркманистонро дар баробари кишварҳое ном мегиранд, ки озодии баёнро мунтазам нақз мекунанд.

XS
SM
MD
LG