Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП мегӯяд, ки танҳо пас аз иҷрои тавсияҳояш ба Тоҷикистон пул медиҳад


Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул дар Душанбе.
Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул дар Душанбе.

Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, омода аст Тоҷикистон ва мардуми онро дастгирӣ кунад, ба шарте, ки ҳукумат чанд ислоҳотеро рӯи даст бигирад. Дар баёнияе, ки СБП рӯзи 9-уми уми октябр ба нашр расонидааст, гуфта мешавад як ҳайати ин созмон бо роҳбарии Падаҷа Ханделвал аз 11 то 26-уми сентябр дар Тоҷикистон қарор дошт.

Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб талош дорад аз СБП 500 миллион доллар қарзи имтиёздор дарёфт кунад.

Ханделвал пас аз сафар дар изҳороташ гуфтааст СБП аз чанд ислоҳоте, ки ҳукумат барои барқарор боварии амонатгузорони бонкҳо роҳандозӣ кард, ҷонибдорӣ мекунад. Аммо ин масъули СБП гуфтааст, ин ҳанӯз кифоя нест ва барои пурра иҷро кардани тавсияҳои ин созмон аз соли 2016, анҷом додани корҳои бештар зарур аст.

Дар идома Ханделвал мегӯяд, барои рафъи мушкили "ду бонки бузурги дучори мушкилшуда", ҳукумати бояд чораҳои сареъ биандешад. Ҳарчанд гуфт намешавад, манзур аз чораҳои сареъ чист, аммо ҳамсӯҳбатони огоҳи Радиои Озодӣ аз ҷараёни музокироти Тоҷикистон бо Сандуқи Байналмиллалии Пул мегӯянд, ин созмон аз Тоҷикистон талаб дорад, "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро муфлис эълон кунад.

Падаҷа Ханделвал.
Падаҷа Ханделвал.

Аммо масъулон аз блоки иқтисоди ҳукумат, ки бо Радиои Озодӣ ҳамсуҳбат буданд, мегӯянд ба ин шарт розӣ шуда наметавонанд, чун ин ду бонк муштарии зиёде дорад ва бо муфлис эълон кардани ин бонкҳо, амонатҳои онҳо зери суол меравад.

Ханделвал дар изҳороташ гуфтааст, СБП омодааст, барномаҳои ислоҳоти Тоҷикистонро маблағгузорӣ кунад ва бо масъулони давлат дар ин бора иртиботи хубе дорад. "Танҳо баъзе аз ҷузъиётро бояд мушахас кард", таъкид доштааст. ӯ.

Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб талош дорад аз СБП 500 миллион доллар қарзи имтиёздор дарёфт кунад. Аммо ин созмон омодагии худро барои тахсис додани 300 миллион доллар ба шарти иҷрои чанде аз тавсияҳош аз сӯи Тоҷикистон изҳор доштааст.

XS
SM
MD
LG