Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Ҷузҷон дастикам 12 сарбози амниятӣ кушта шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар пайи ҳамлаи Толибон ба вилояти Ҷузҷони Афғонистон дастикам 12 сарбози амниятӣ кушта шуд. Дар ростои интихоботи порлумонии 20 октябр, ҷанггиён ҳамлаҳоро дар саросари кишвар густариш доданд.

Раиси пулиси вилоят, Фақир Муҳаммад Ҷузҷонӣ гуфт, ки дар ҳамлаи шоми 8 октябр дар ноҳияи Қош Теппа, ҳамчунин 10 ходими амниятӣ ҷароҳат бардошт.

Ба гуфтаи ин мақомдор, дар талоши ишғоли ноҳия 30 ҷангии Толибон кушта ва 19 нафари онҳо маҷруҳ шуд.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки ин гурӯҳ масъулияти ҳамларо бар дӯш дорад.

Толибон ва гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" барои халадор кардани раванди интихоботи рӯзи 20 октябр талош доранд. Гурӯҳи Толибон рӯзи 8 октябр қавлдод, ки барои масдуд кардани овоздиҳӣ талош хоҳад кард. Ин гурӯҳ интихоботро "тавтеаи Амрико барои тавҷеҳ кардани ишғоли хориҷӣ" меномад.

XS
SM
MD
LG