Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди таркиш дар амбори силоҳи Украина ҳазорҳо нафар кӯч дода шуд


Таркиш дар амбори аслиҳаи Украина. 27 сентябри соли 2017
Таркиш дар амбори аслиҳаи Украина. 27 сентябри соли 2017

Додситонии низомии Украина мегӯяд, дар робита ба таркиши анбори аслиҳа дар вилояти Чернигов бо банди "хунукназарӣ ба хидмати ҳарбӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба айбдоршавандаҳо аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар анбори аслиҳа, ки дар минтақаи аҳолинишини вилояти Чернигов ҷойгир аст, саоти 3:30-и субҳи 9 октябр чанд гулӯла таркид. Ба маълумоти Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Украина, аз таркиш касе аз сокинони маҳаллӣ ва низомиён осеб надид.

Аз деҳаҳои атрофи анбор ҳудуди 10 ҳазор одам кӯчонида шуданд. Мақомоти ҳолатҳои изтирории Украина гуфтанд, роҳҳои мошингард ва оҳанро то 30-километрии анбор бастаанд. Дар анбори мазкур то 88 ҳазор тонна лавозимоти ҷангӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Бори аввал нест, ки дар анборҳои аслиҳаи Украина таркиш рух медиҳад. Моҳи сентябри соли гузашта низ дар анбори аслиҳаи вилояти Виннитса таркиш рух дод. Додситони кулли Украина Юрий Лутсенко моҳи сентябр гуфт, таҳқиқи таркиши мазкур рӯзҳои наздик ба поён расида, "даҳҳо мансабдор барои нақзи қоидаҳои амниятӣ" ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Ним сол пеш аз ҳодисаи Виннитса моҳи марти соли 2017 дар вилояти Харков низ дар натиҷаи сӯхторе миқдори зиёди аслиҳа маҳв шуд. Додситони низомии Украина Анатолий Матиос гуфт, муфаттишон ба хулосае омаданд, ки таркиш дар анборҳои аслиҳаро хадамоти махсуси Русия созмон медиҳад.

XS
SM
MD
LG