Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори таҳқиқотгар дар Булғористон кушта шуд


Виктория Маринова - рӯзноманигори Булғористон, ки ахиран кушта шуд
Виктория Маринова - рӯзноманигори Булғористон, ки ахиран кушта шуд

Шаби 6 октябр рӯзноманигори таҳқиқотгар ва барандаи телевизиони TVN Виктория Маринова дар шаҳри Руси Булғористон кушта шуд.

Ҷасади рӯзноманигори 30-соларо дар боғ пайдо карданд. Ба маълумоти пулис, рӯзноманигорро пеш аз қатл латтукӯбу таҷовуз ва сипас буғӣ кардаанд. Мақомот мегӯянд, ки куштор ба фаъолияти ӯ рабт надорад.

Ба иттилои Politico, рӯзноманигор бо ҳамкорони худ харҷи пулҳоеро таҳқиқ мекард, ки Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои беҳбуди иншооти зербиноӣ ҷудо карда буд. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, аз 30 то 40%-и пулҳо дуздӣ ё ба ришва сарф шудаанд.

GP Group яке аз ширкатҳоест, ки номаш дар таҳқиқот зикр шудааст. Ахиран бар пояи асноди ширкат, маълум шуд, ки пулҳои Иттиҳоди Аврупоро чи гуна медузданд. Ба гуфтаи таҳқиқотгарон, дар нақшаи қаллобӣ раҳбарияти олии кишвар низ даст дорад. Дар маводи парванда номи раҳбари бахши "Лукойл" дар Булғористон Валентина Златева низ зикр шудааст.

Раҳбари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот Гарлем Дезир гуфт, аз қатли рӯзноманигор такон хӯрдааст ва хостори санҷиши мушикофонаи воқеа шуд.

Дар як соли ахир, ин севумин рӯзноманигори таҳқиқотгаре аст, ки дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо кушта мешавад. Моҳи октябри соли гузашта рӯзноманигор Дафне Каруана Галисияро дар Малта ва моҳи феврали имсол рӯзноманигор Яна Кучакро дар Словакия ба қатл расонданд.

XS
SM
MD
LG