Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ҳафт афсари пулиси Афғонистонро куштанд


Вардак аз вилоятҳои ноороми Афғонистон ба ҳисоб меравад.
Вардак аз вилоятҳои ноороми Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи даргирӣ бо Толибон дар як ноҳияи вилояти Вардак 7 маъмури пулис кушта шуданд. Абдулраҳмон Мангал, сухангуи раиси вилоят гуфт, ҷангҷӯёни Толиб бо ҳамла ба қароргоҳҳои ҳукуматӣ дар ноҳияи Саидобод, сардори пулиси ноҳия ва шаш афсари дигарро шаби 6-уми октябр куштаанд.

Ба гуфтаи Абдулраҳмон Мангал дар ҷараёни даргирӣ чандин ҷангҷӯи Толиб ҳам кушта шудаанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон иддао кардааст, ки ҷангҷӯёни гуруҳ маркази ноҳия ва посгоҳҳои атрофи онро ишғол кардаанд, вале мақомот гуфтаанд, ки нерӯҳои амниятӣ ҳамлаи онҳоро баргардонданд.

Толибон ва гуруҳи ба ном Давлати исломӣ дар остонаи интихоботи Афғонистон, ки қарор аст, рӯзи 20-уми октябр баргузор шавад, ҳамлаву бомбгузориҳоро бештар кардаанд. Ба сабаби ноамнӣ мумкин аст, 3 ҳазор нуқтаи раъйдиҳиро дар Афғонистон бубанданд.

XS
SM
MD
LG