Ҳукумати Душанбе эълон кард, ки бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистонро бо Ҷопон дар "монитор"-и бузург дар майдони "800-солагии Маскав"-и пойтахт (назди Театри опера ва балет) мустақим намоиш хоҳанд дод. Ин бозӣ соати 17:45-и рӯзи 7-уми октябр дар Малайзия баргузор мешавад.
Шаҳрдории Душанбе аз сокинон даъват кардааст, ки барои тамошои футбол ва ҳимоят аз бозигарони тоҷик ба майдони "800-солагии Маскав" биоянд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи 4-уми октябр пас аз шикаст додани тими Кореяи Ҷанубӣ дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола ба финал баромад. Тоҷикистон дар ин бозӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 7-6 (ҳисоби замони асосӣ -1-1) пирӯз шуд.
Аз он пеш мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии чорякниҳоии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 бар тими Кореяи Шимолӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ – 1:1) ғолиб омада буд.
Инчунин, футболбозони навраси тоҷик соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) гардиданд, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.
Ҳоло дар финал Тоҷикистон бо Ҷопон барои унвони қаҳрамони Осиё миёни наврасон рақобат мекунанд.