Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ Эронро ба хотири қатли Зайнаб Сиконванд танқид кард


Зайнаб Сиконванд
Зайнаб Сиконванд

Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз эъдоми шаҳрванди Эрон Зайнаб Сиконванд интиқод кардааст. Ӯ ба хотири қатли шаҳвараш гунаҳкор шинохта шудааст.

Дафтари Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ рӯзи 5-уми октябр гуфт, Сиконванд исрор меварзид, ки барои эътирофи қатли ҳамсараш дар соли 2012 маҷбур шуда буд. Вай пас аз боздошт аз тарафи пулис мавриди латту кӯб қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ин идора, иддаои Сиконванд дар мавриди хушунат дар ҷараёни муҳокимааш ба гунаи лозим баррасӣ нашудааст. Зайнаб Сиконванд замоне, ки 17-сола буд, ба ин ҷурм айбдор шуд.

Як муҳаққиқи созмони Афви Байналмилал дар умури Эрон дар суҳбат бо Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, ҳукми додгоҳро дар мавриди Сиконванд ноодоилона хондааст.

Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки Сиконванд рӯзи 2-юми октябри имсол қатл шуд.

XS
SM
MD
LG