Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷири тоҷик 6 сол боз 2 вагон борашро меҷӯяд


Қазияи нопадид шудани бори фурӯшӣ бо арзиши беш аз 400 ҳазор доллар дар шаш соли пеш, имрӯз ҳам намегузорад, ки Маҳкамбой Холиқов дар хонааш ором бихобад.

Баъди тиҷорати бисёрсола ва муваффақи меваи хушк, ки бо кӯмаки шарикони тиҷоратиаш дар Қазоқистону Русия пеш мерафт, дар як ҳодисаи соли 2012, ду вагон бори аз Исфара фиристодааш нопадид шуд.

Бор дар Қазоқистон "гум" шуд

Наздики ним миллион доллар бор дар як шароити номуайян нопадид шуд ва то имрӯз на таҳқиқоти пулиси Қазоқистон ва на санҷишҳои додситонии вилояти Суғд барои ошкор кардани асли қазия натиҷа надод. Бархе афроди огоҳ аз саргардониҳои тоҷири тоҷик мегӯянд, ин намунаи мушкил дар таъмини ҳуқуқӣ ва танзими амнияти борҳои тоҷирон аст, ки аз қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё убур мекунанд.

Интиқоли бор ба Русия тавассути Қазоқистон ва Қирғизистон, баъд аз шомил шудани ин кишварҳо ба Иттиҳоди гумрукии таҳти назорати Русия, ба як роҳи аслии интиқоли бор барои тоҷирони тоҷик табдил ёфтааст.

Маҳкамбой Холиқов як тоҷири меваи хушк аз деҳаи Сурхи ноҳияи Исфара аст, ки як умр ба тиҷорати меваи хушк сару кор дошт. Ӯ зардолуву дигар навъҳои меваи хушкро аз ҳамдеҳагонаш ҷамъ оварда, ба Русия ба унвони тоҷирони ҳамкор ва шиносаш мефиристод.

Онҳо меваро фурӯхта ва пулашро ба Исфара равон мекарданд. Вале ин низоми кораш соли 2012 дар пайи як ҳодисаи нопадид шудани ду вагон мевааш дар ҳудуди Қазоқистон барҳам хӯрд. Ба ӯ гуфтанд, ки вагонҳо дар ҳудуди шаҳри Чимкенти Қазоқистон гум шудааст ва дигар ҳеҷ гоҳ маълум нашуд, ки сарнавишти ин бори гарон чӣ шуд.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯз 4-уми октябр гуфт, "ман аз мардум 474 ҳазор доллар қарздор шудам. Мардум омада талаб карданд, аз гиребонам гирифтанд, хонаҳо, мошинҳо, ҳама молу мулкамро фурӯхтам, бар замми он қарз гирифтам ва ҳамаи он пулҳоро ба қарзхоҳон додам. То ҳозир тахмин 70 дарсади қарзро пардохт кардам, 30 фоизаш мондааст."

Холиқов аз шарики тиҷоратиаш гумонбар аст

Дар ҳоле, ки пулис ва дигар сохторҳои ҳифзи қонуни Қазоқистон барои таҳқиқи ҳодисаи нопадидшавии бори тоҷири тоҷик сафарбар шуданд, Холиқов ҳамзамон аз шарики тиҷоратиаш Маъмуриддин Бобоев бадгумон шуд. Бар асоси созиши лафзии миёни ӯву Бобоев, 2 вагон бор ё 136 тонна меваи хушк маҳз ба номи Бобоев сабт ва содир шуда буд. Дар ниҳояти амр, Холиқов аз Бобоев домангир шуд, ки эҳтимолан дар тағйири манзил кардани бори ирсолкардааш ҳамин шахс гунаҳгор аст.

Холиқов мегӯяд, бародари Бобоев, ки он солҳо дар Русия зиндагиву тиҷорат мекард, аз як тоҷири узбек пули калон гирифта, аз Русия ба Тошканд пиёз интиқол дод, вале ин бор дар роҳ сармо зада нобуд шуд. Гӯё дар он ҳодиса бародари Бобоевро гаравгон гирифтаанд.

Холиқов гуфт, "тоҷирони тошкандӣ гуфтаанд, ки 2 вагон бор диҳӣ, бародаратро озод мекунем. Ӯ розӣ шудааст. Мо аз ин бехабар, вагонҳоро аз Исфара ба Русия равон кардем. Аммо нарасиданд. Баъд худи Бобоев гуфт, ки дар Чимкенти Қазоқистон бори вагонҳоро холӣ карда гирифтаанд. Кӣ гирифтааст, ба мо то ҳозир -- номаълум."

"Ман ҳам ҷабрдида ҳастам"

Вале Маъмуриддин Бобоев ин иддаои собиқ шарики тиҷоратиашро комилан рад мекунад ва даъвоҳои ӯро беасос меномад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми октябр гуфт, ки дар ин ҳодиса худи ӯ ҳам ҷабрдида аст, чунки аз соддагӣ розӣ шудааст масъулияти борро ба ӯҳда бигирад.

Ӯ гуфт, "Ин як бофтаи худи Маҳкамбой аст, бе ягон далел. Ин ҳодисаро бо дархости ман як гурӯҳи тафтишотӣ аз Остона тафтиш кард. Агар бародари ман қарздор мебуду ба ивази қарзаш борро медодем, онҳо моро "ҷабрдида" эътироф карда, раҳо намекарданд. Онҳо ҳатто гуфтанд, ки дигар соҳибони бор ҳам паҳлуи ман истанд, ҷабрдидаҳо як гурӯҳ шаванд, парванда муҳимтар мешавад. Афсӯс, ки ҳатто худи Маҳкамбой Холиқов аз ҷабрдида эътироф шуда, баёнот навиштан даст кашиданд. Ба ҷои ин аз соли 2014 боз бар зидди ман ба ҳама мақомот ариза менависанд, ки пули он касро хӯрдаму бори мардумро ман гум кардаам."

Ба қавли ӯ, мақомоти қазоқ як гурӯҳ тоҷирони ин кишварро, ки барои бо роҳи "қаллобӣ" аз худ кардани 2 вагон бори онҳо ба ҷавобгарӣ кашида буд, бо ҷурми "худсарона аз худ кардани моликияти ғайр", бо ҷазоҳои ҳабси шартӣ маҳкум ва баъди пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ раҳо кард.

Мусоҳибони мо мегӯянд, ки ҳодисаи ба сари онҳо омада баёнгари он аст, ки дар ҷараёни интиқоли бору мол аз Тоҷикистон ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя ва вориди қаламрави кишварҳои муттаҳидшуда дар зери чатри созмонҳои иқтисодиву гумрукии муштарак, бояд низоми назорат ва ҳам таъмини амнияти он ҳам ба эътибор гирифта шавад.

Бобоев мегӯяд, интихоби роҳи интиқоли бор ва ҳам шарикони қазоқ да масъулияти Холиқов буд, ба он хотир, ки арзон тамом мешуд. Бор аз Исфара тавассути роҳи оҳан ба Қазоқистон, ки узви Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё аст, мерафт, аз он ҷо шарикони қазоқ бори тоҷирони тоҷикро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ аз номи худ, яъне ҳамчун моли қазоқӣ ба Русия равон мекарданд.

Бобоев, ки дар беморхонаи шаҳри Исфара ба ҳайси табиби шикастабанд кор мекунад, тиҷорати меваи хушкро як василаи иловагии пешбурди зиндагӣ интихоб карда буд. Маҳкамбой Холиқови 70-сола, ки дигар бознишаста шуд, ҳанӯз ҳам талош дорад пайи бори гумшудаашро пайдо кунад.

Мушкилиҳои интиқоли бор аз Тоҷикистон ба Русияву Қазоқистон

Интиқоли бор ба Русия тавассути Қазоқистон ва Қирғизистон, баъд аз шомил шудани ин кишварҳо ба Иттиҳоди гумрукии таҳти назорати Русия ба як роҳи аслии интиқоли бор барои тоҷирони тоҷик табдил ёфтааст. Вале ин роҳ як риски бузург низ дорад, ки баъди гузаронидани бор ба ин кишварҳо интиқоли он аз номи шаҳрвандони ин кишварҳо идома мекунад.

Дар Тоҷикистон ба нася харидану баъди интиқолу фурӯш дар Русия ё кишвари дигар додани пули бор ба соҳибони он як ҳодисаи маъмулӣ аст. Гум шудани бори мошинҳо ё вагонҳо низ дар Русияву Қазоқистон ё кишвари дигар иттифоқ меафтад. Дар баъзе маворид соҳибони бор ин корро аз қазо дониста, қарзҳои худро мебахшанд. Вале гоҳе то пардохти охирин сомонии қарз, гиребони тоҷиреро, ки бо нася мол гирифтааст, сар намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG