Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон меояд


Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев барои иштирок дар мулоқоти Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора хабаргузориҳо рӯзи 4-уми октябр ба нақл аз хадамоти матбуоти ҳукумати Русия иттилоъ доданд.

Ҳамоиши Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 11-12-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст, дар ин нишаст ҳайатҳои Ҳиндустону Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон масоили рушди тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва башарӣ дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро баррасӣ намоянд.

Интизор меравад, нахуствазир Чин Ли Кесян ҳам дар иҷлоси нахуствазирони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тоҷикистон ширкат кунад.

Ба гузориши ТАСС, ба нақл аз сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, нахуствазири он кишвар пас аз дидори расмӣ аз Тоҷикистон ва ширкат дар ин нишаст, ба Ҳолланд ва баъдан ба Белгия сафар мекунад ва дар дувоздаҳумин иҷлоси Осиё ва Аврупо иштирок мекунад.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой барои ҳамкориҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ташкил шудааст. Ин созмон соли 2001 аз сӯи Чин, Русия, Қазоқистон Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон таъсис шудаааст.

Ахиран Ҳинд ва Покистон низ ба узвияти ин созмон пазируфта шуданд. Муғулистон, Эрон ва Афғонистон дар созмон нақши нозирро доранд.

XS
SM
MD
LG