Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Саудӣ барои истеҳсоли нафти бештар созиш карданд


 Нишасти OPEC
Нишасти OPEC

Русия ва Арабистони Саудӣ барои истеҳсоли нафти бештар аз моҳи сентябр то декабр созиш карданд, то қиммати рӯзафзуни энержиро коҳиш диҳанд. Дар ин бора Reuters хабар дод.

Манбаҳои огоҳ аз ин барнома рӯзи 3 сентябр ба хабаргузорӣ гуфтанд, ки вазирони энержии Русия ва Саудӣ дар ҷараёни силсилаи мулоқотҳои моҳи гузашта ба ин созиш расиданд.

Дар ростои таҳримҳои ИМА алайҳи Теҳрон муштариён харидории нафти Эронро коҳиш доданд ва сар аз рӯзи душанбе қиммати як бушка нафти Brent дар бозори ҷаҳонӣ аз марзи 85 доллар гузашт.

Моҳи май ИМА аз "созиши ҳастаӣ"-и Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ хориҷ шуд ва бахше аз таҳримҳои зидди иқтисоди Теҳронро эҳё кард. Созиши ҳастаӣ нармиши таҳримҳои зидди Эрон ба ивази даст кашидани Теҳрон аз барномаҳои ҳастаиро дар назар дорад. Бахши дуввуми таҳримҳо, ки содироти нафти Эронро ҳадаф қарор медиҳад, авоили моҳи ноябр шурӯъ хоҳад шуд.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи чоршанбе дар форуми Энергетикии Маскав гуфт, ки афзоиши қиммати нафт"натиҷаи мустақими сиёсати ИМА ", аз ҷумла нисбати Эрон аст.

XS
SM
MD
LG