Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон сарбозонро низ ба пахтачинӣ фиристод


Сарбозони туркман дар автобус
Сарбозони туркман дар автобус

Сарбозони нирӯҳои марзбонӣ ва воҳиди хушкигарди Туркманистон дар вилояти Дашоғуз ба ҷамъоварии пахта сафарбар шуданд.

Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, имсол ба иллати норасоии об ҳосили пахта дар Дашоғуз хуб нест.

Ҷамъоварии пахта дар Дашоғуз расман 16 сентябр оғоз шуд. "Тавони худи кишоварзон ба ҷамъоварии пахтаҳои шукуфта мерасад. Вале мақомот онҳоро нопурсида, сарбозонро ба пахтазор бароварданд", - афзуд хабарнигор.

Ба назари хабарнигори радио, ин иқдоми мақомот ба даромади кишоварзон таъсири манфӣ хоҳад расонд. "Агар пахтаро сарбозон ҷамъоварӣ кунанд, кишоварзон аз 40-тангае, ки барои ҳар як кило пахта ваъда шудааст, маҳрум мешаванд", - изҳор дошт ӯ.

Дар Туркманистон барои ҳар як кило пахта 1 манат дода мешавад. "Аз ин маблағ 50 тангааш ба хидматрасониҳои кишоварзӣ ва об сарф мешавад", - мегӯяд хабарнигор.

"Акнун кишоварзон маҷбуранд, ба сарбозон барои ҳар як кило пахта 40-тангаӣ диҳанд ва боз онҳоро бо ғизо таъмин кунанд", - гуфт хабарнигор.

Гуруҳи байналмилалии ҳомиёни ҳуқуқ, ки зидди ҷалби иҷбории сокинони Туркманистон ба пахтачинианд, 1 октябр дар назди қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк бо талаби қатъи ин таҷриба тазоҳурот карданд.

XS
SM
MD
LG