Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Скрипалро "хиёнаткори ватан" ва "нобакор" номид


Сергей Скрипал

Президенти Русия Владимир Путин корманди пешини Идораи истихборот Сергей Скрипалро “хиёнаткори ватан” ва “нобакор” номид.

Путин рӯзи 3-юми октябр ҳангоми сӯҳбат дар форуми энергетикии Маскав ба суоли таҳримҳои зидди Русия, дар робита ба сӯиқасд ба ҷони Скрипал дар шаҳри Солсберии Британия, посух дод. Лондон дар ин ҳамла мақомоти Русияро гунаҳкор мекунад.

"Баъзеҳо Скрипалро қариб, ки ҳомии ҳуқуқи башар муаррифӣ мекунанд. Ӯ танҳо як ҷосус аст, хиёнаткори ватан”, - гуфт Владимир Путин. Толор ба ин суханони президент кафкӯбӣ кард.

Ба гуфтаи Путин, “ҷанҷоли ҷосусӣ” дар атрофи Скрипал ва духтари ӯ Юлия “ба таври сунъӣ доман зада мешавад”.

Ӯ дар посух ба суоли заҳролудшавии Скрипал бори дигар даст доштани Русияро дар ин ҳамла рад кард. "Ким-кадом нафарҳо омаданд ва ба заҳролудкунии бомжҳо дар Британия оғоз карданд? Ин чӣ сафсата аст?” - гуфт Путин эҳтимол бо ишора ба марги шаҳрванди Британия Дон Стерҷесс, ки аз таъсири гази фалаҷкунандаи асаб - "Новичок" дар Солсбери фавтид.

Тафтишоти Британия ба ин бовар аст, ки агентҳои истихбороти низомии Русия дар заҳролуд кардани Скрипал аз "Новичок" -истифода карданд.

Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия рӯзи 4-уми март дар шаҳри Солсберии Британия дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд.

Қаблан Путин ду гумонбари ҳамла ба Скрипалро, ки Британия онҳоро бо номҳои "Александр Петров" ва Руслан Боширов" муайян кардааст, "одамони мулкӣ" номид, ки ба гуфтаи Путин, дар ҳаракати онҳо "аломати ҷиноят" дида намешавад. Аммо таҳқиқоти мухталифи журналистӣ маълумотеро ошкор кард, ки ин ду нафар метавонанд корманди истихбороти низомии Русия бошанд. Бино ба фарзияи гурӯҳи Bellignсat дар паси номи "Руслан Боширов" сарҳанги Русия Анатолий Чепига пинҳон аст.

XS
SM
MD
LG