Бинобар нишондодҳои бозори бурси ICE қиммати як бушка нафти навъи Brent дар ду рӯзи ахир ба беш аз 85 доллар расид ва сатҳи баланди чаҳор соли пешро убур кард. Нархи нафт чанд моҳ боз дар пасманзари таҳдиди барқарор шудани таҳримҳои ИМА алайҳи содироти энержии Эрон, рӯ ба афзоиш овардааст.
Омили иловагӣ қатъи содироти нафти хоми Кувайт ба Амрико аст, ки дар 30-соли ахир бори аввал рух додааст. Кувайт тасмим дорад, ки нафташро ба бозорҳои сердаромади Осиё содир кунад.
Президенти ИМА Доналд Трамп чанд рӯз пеш ба чораҳои поён бурдани нархи нафт дар ҷаҳон даъват кард. Биноба хабари Bloomberg, президент Трамп гуфтааст, ки шоҳи Саудӣ бе кумаки Амрико "ду ҳафта ҳам намепояд". Бо ин роҳ сарвари Кохи сафед мехоҳад салтанатро ба коҳиши нархи нафт водор кунад.
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи чоршанбе дар форуми Энергетикии Маскав гуфт, ки афзоиши қиммати нафт"натиҷаи мустақими сиёсати ИМА ", аз ҷумла нисбати Эрон аст.