Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед аз бархӯрди Порис ба ду ҷосуси эҳтимолии Эрон ситоиш кард


Тарафдорони Марям Раҷабӣ дар тазоҳуроти Порис. 30-юми июни соли 2018
Тарафдорони Марям Раҷабӣ дар тазоҳуроти Порис. 30-юми июни соли 2018

Кохи Сафед аз бархӯрди Фаронса алайҳи ду ҷосуси истихбороти Эрон, ки гуфта мешавад ҳамла дар Порисро тарҳрезӣ мекарданд, ситоиш кард.

"Фаронса дар муқобили тарҳи террористии Эрон бархӯрди ҷиддӣ нишон дод - Теҳрон бояд бидонад, ки рафтори золимонааш таҳаммул намешавад", - навишт Шӯрои амнияти миллии Амрико бегоҳи 2-юми октябр дар Твиттер.

Сухангӯи Кохи Сафед Ҳезер Нойерт ба хабарнигорон гуфт, ин ҳодиса итминони Амрикоро собит мекунад, ки Эрон "сармоягузори аслии терроризм дар ҷаҳон аст".

Мақомоти Фаронса рӯзи 2-юми октябр гуфтанд, онҳо дороиҳои ду ҷосуси эҳтимолии Эронро, ки се моҳ пеш ба тарҳрезии ҳамла ба намоише дар Порис гумонбар шудаанд, масдуд кард. Намоишро гурӯҳи мухолифини мусаллаҳи Эрон - "Муҷоҳиддини халқ" сармоягузорӣ карда буд.

Теҳрон "Муҷоҳиддини халқ"-ро террорист эълон кардааст, аммо қудратҳои ғарбӣ онро аз феҳрасти террористҳо берун андохтанд.

Эрон вуҷуди барномаи ҳамлаи Порисро такзиб кард.

XS
SM
MD
LG