Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон то 14 июн дароз шуд


Акс аз бойгонӣ

Таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон аз ин ба баъд то 14-уми июн идома хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ахиран волидон бо муроҷиати расмӣ аз мақомот хостори баргардонидани занги охир ба рӯзи 25-уми май шуда буданд.

Бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 25-уми сентябр таътилҳо дар 4 мавсим ба мактабҳо баргардонида шуданд, аммо таҳсил дар мактабҳо аз ин ба баъд то 14-уми июн идома хоҳад кард. Тибқи ин тағйирот соли таҳсил 36 ҳафтаро дар бар хоҳад гирифт ва ба 4 чаҳоряк тақсим мешавад.

“Чаҳоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр, чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр, чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн идома меёбад”, - омадааст дар қарори мазкур.

Тибқи қарори нав таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки охири моҳи майи имсол беш аз 600 падару модар бо ирсоли як нома ба ҳукумати кишвар хостори баргардонидани занги охир ба рӯзи 25-уми май шуда буданд. Онҳо аз тӯлонӣ будани соли таҳсил, ки бидуни истироҳат дар мавсими тирамоҳу баҳор ва дар гармои тобистон то 7 июн идома мекард, нигаронӣ карданд.

Волидон интизор доштанд, ин дархости онҳо ба назар гирифта мешавад.

Венера Мирова, як модари тоҷик бар ин бовар аст, ки таҳсили тӯлонӣ дар гармои тобистон ба сиҳатии кӯдакон бетаъсир немемонад.

8 соли пеш, дар авҷи бӯҳрони энержӣ ва мушкили таъмини гармӣ дар мактабҳо, бо қарори вазири маорифи вақти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ҳисоби ихтисор шудани таътилҳои якҳафтаинаи тирамоҳӣ ва баҳорӣ, мӯҳлати таътили зимистон то як моҳ тамдид шуда, моҳи январро фаро гирифт. Дар як қарор дигари вазорат таҷлили занги охир ҳам манъ шуда, рӯзи охири дарс наа 25 май, балки 7 июн таъйин шуд.

Видеоҳои охирин

Сӯхтор дар корхонаи Владикавказ боиси фавти як нафар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:47 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG