Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти вакиле, ки Мирзиёевро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод кард


Олимҷон Тухтаназаров
Олимҷон Тухтаназаров

Вакили Шӯрои мардумии вилояти Намангон ва узви Ҳизби либерал-демократии Узбекистон Олимҷон Тухтаназаров рӯзи 22 сентябр ҳангоми гирифтани пора аз як омӯзгори мактаби ноҳияи Чуст боздошт шуд.

Тухтаназаров ба "қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ", "шарикӣ дар ҷиноят" ва "додани пора" айбдор мешавад. Ӯро бо розигии Шӯрои вакилони халқии вилояти Намангон ҳабс карданд.

Ба иттилои додситонии вилояти Намангон, Тухтаназаров ба мудири барканоршудаи як мактаби ноҳияи Попи ин вилоят М. И. ваъда кардааст, ки тавассути шиносҳои баландпояаш дар ивази 500 доллари амрикоӣ қарори додгоҳро бекор ва ӯро ба ҷои кораш барқарор мекунад.

Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар пайи шикояти мудири пешин Тухтаназаровро ҳангоми гирифтани 500 доллари амрикоӣ дастгир карда, худи ҳамон рӯз ба ҳабс гирифтанд.

Олимҷон Тухтаназарови 50-сола, ки дар яке аз шабакаҳои телевизионии Узбекистон ба ҳайси коргардон низ кор мекард, пештар пешниҳод карда буд, ки ба президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ҷоизаи Нобел дода шавад.

XS
SM
MD
LG