Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи паҳлавонон барои Ҷоми президенти Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз 2-юм то 5-уми октябр дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Мусобиқаи соли гузашта, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат барпо гардид, бо пирӯзии паҳлавони тоҷик Саидҷалол Саидов ба поён расид. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Комроншоҳи Устопириён ғолиб омад.

Дар ин мусобиқа, ки барои бори шашум барпо мегардад, ҳудуди 250 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат меварзад. Мусобиқаи имсола аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо миёни мардон (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) доир мегардад. Мусобиқаҳои пешин танҳо дар вазни мутлақ баргузор мешуд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар ҳар як вазн ба ҷуз медалу ифтихорнома, ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад. Ба ғолиб 10000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 3000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Се бор (солҳои 2013-2015) ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд. Соли 2013 Виталий Дудчики украинӣ дар вазни зери 81 кило ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ ғолиб шуданд. Дудчик дар қувваозмоии ниҳоӣ гуштигири тоҷик Фарҳод Раҳимовро мағлуб кард. Ал-Шаҳобӣ бошад, дар финал бар паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дастболо шуд.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов

Баъдан ду бор Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон гардидааст. Ӯ соли 2014 дар қувваозмоии ҳалкунанда барои ҷоизаи аслӣ бар ҳамватанаш Зиёратшо Баротов пирӯзӣ ба даст овард. Абдураҳмонов соли 2015 дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ваховяк аз Беларус ғалаба кард.

Чорумин давраи Ҷоми президенти Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Станислав Бондаренко аз Украина, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Алекс Гарсия Мендозаро аз Куба шикаст дод, бо Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт.

Ба варзишгари кубагӣ барои ҷойи дувум медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Мӯҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев (ҳарду аз Узбекистон), ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ ҳар кадом ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Зимнан, дар мусобиқаи соли 2016 барои Ҷоми президенти Тоҷикистон мизбонон барои аввалин бор аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Мусобиқаи соли гузашта, ки 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат барпо гардид, бо пирӯзии паҳлавони тоҷик Саидҷалол Саидов ба поён расид. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Комроншоҳи Устопириён ғолиб омад. Саидов бо Ҷоми президенти Тоҷикистон, медали тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Устопириён барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд.

Гуштигирон Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон) ва Шаҳриёр Идрисов (Қирғизистон), ки ҷойҳои севумро азони худ карданд, ҳар кадом бо медалҳои биринҷӣ ва 16 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG