Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири адлия: "Феълан барои афв тарҳе вуҷуд надорад"


Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод гуфт, ҳама гуна тасмим дар заминаи афви зиндониҳо танҳо дар салоҳияти президент аст ва феълан ҳеҷ гуна тарҳе дар ин маврид вуҷуд надорад. Дар ҳошияи иҷлосияи рӯзи 1 октябри парлумонӣ дар Душанбе, дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи сарусадоҳо оид ба афви эҳтимолии зиндониҳо дар Тоҷикистон гуфт, «ин овозаҳо асос надоранд».

Сарусадо дар робита бо эҳтимоли қабули қонуни нави афви зиндонӣ, ба вижа знидониҳои сиёсӣ дар ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар шаҳри Варшава моҳи сентябри имсол садо дод. Аз ҷумла, намояндагони мухолифон гуфтанд, ки мавзӯи эҳтимолии афви зиндониҳои сиёсӣ ва таҳия шудани тарҳи қонуни навро дар сӯҳбат бо онҳо намояндагони ҳукумат хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ки намояндагони мақомот дар бораи омода шудани феҳристи 182 зиндонӣ хабар доданд, ки аз онҳо ҳамчун зиндониҳои сиёсӣ ном бурда мешавад.

Вале баъди ин мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, ки чунин барномаҳо рӯи даст нест.

Вазири адлия Рустам Шоҳмурод дар сӯҳбати мухтасар бо Радиои Озодӣ ба саволи ин ки то куҷо Тоҷикистон ба амнистияи зиндониҳо омода мешавад ва дар ин чаҳорчӯб гӯё аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ҳам қарор аст озод шаванд, гуфт:

«Ин асоси воқеӣ надорад имрӯз. Мо чандин бор таъкид кардем, ки ҳуқуқи пешниҳоди амнистияро танҳо роҳбари давлат – президенти Тоҷикистон доранд. Алҳол чунин лоиҳа нест». Ба саволи ин ки оё имкони пешниҳод шудани қабули чунин як қонун, ӯ гуфт: «Дар бораи имкон ман чизе гуфта наметавонам, лекин дақиқ аст, ки чунин лоиҳа ҳоло нест».

Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлол 15 дафъа қонуни афви маҳбусону боздоштшудаҳо қабул шудааст. Афви тиллоӣ бори охир дар моҳи августи соли 2016 қабул шуда, нисбат ба 12 ҳазор нафар татбиқ шуд.

Ҳадафи татбиқи қонуни афв дар Тоҷикистон, талоши мусоидат дар бозгашти маҳбусон ба ҳаёти осоишта ва ҷилавгирӣ аз содир шудани ҷиноятҳои бештар дар оянда мебошад. Дар навбати аввал ноболиғону занон ва зиндониёни солхӯрда мавриди афв қарор мегиранд. Вале дар аксари ин тасмимҳо афроде сарфи назар шудаанд, ки худро “зиндонии сиёсӣ” унвон мекунанд.

XS
SM
MD
LG