Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 50 000 кило арматура дар марзи Тоҷикистон


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Оҷонси мубориза бо ришвахориву фасод мегӯяд, ба зидди ду нафар, ки ба қочоқи 50 тонна арматура ба Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Оҷонсӣ рӯзи 29-уми сентябр бо нашри як иттилоия дар весбайти расмиаш гуфт, ки Юсуф Набиев ва Абдувоҳид Файзиев “бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохтҳои гумрукӣ” 50 000 киллограм арматураҳои қутрашон гуногунро аз Қирғизистон ва тавассути роҳи байни деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров “пинҳонӣ ва бидуни назорати гумрукӣ” ба Тоҷикистон ворид кардаанд.

Арзиши моли қочоқӣ 350000 ҳазор сомонӣ будааст. Ҳарду гумонбар ба қочоқ ба гуфтаи оҷонсӣ “ба давлат ба маблағи 68208 сомонӣ зарар расонидаанд.

XS
SM
MD
LG