Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон ва Путин сохтмони мактабҳои русиро баррасӣ карданд


Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо президенти Русия Владимир Путин дар Душанбе мулоқот кард. Путин барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи гузашта ба Тоҷикистон омада буд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин «вазъ ва дурнамои муносибатҳои ду кишварро баррасӣ карданд».

Ба қавли манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон ба рушду густариши бештари ҳамгироӣ бо Русия ҳавасманд аст ва ин кишварро шарики калидиву стратегии худ дар муносибатҳои байналмилалӣ медонад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳамчунин бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Русияро баррасӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG