Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин рӯзҳои 18-19 октябр ба Узбекистон сафар мекунад


Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев
Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев

Президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои 18-19 октябри соли равон аз Узбекистон боздид мекунад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба Вазорати савдои хориҷии Узбекистон иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи матбуот, дар доираи сафари расмии Путин ба Тошканд нахустин форуми ҳамкориҳои байниминтақавии Узбекистону Русия баргузор хоҳад шуд.

Русия дар ҳоли ҳозир, яке аз шарикони асосии тиҷоратии Узбекистон аст. Дар ин кишвар беш аз 960 корхона бо сармояи Русия фаъолият мекунад. Бино ба пешбиниҳои коршиносони Палатаи савдо ва саноати Узбекистон, шумори ин корхонаҳо то охири сол ба ҳазор хоҳад расид.

Бар пояи иттилои расмӣ, Узбекистон аз нигоҳи ҳаҷми табодули мол бо Русия дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мақоми чаҳорум қарор дорад. Соли 2017 ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар 3,6 миллиард долларро ташкил дода, 33,9 дарсад афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG