Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон - дар чорякфинали қаҳрамонии Осиё


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар бозии севумаш дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия бар тими Тайланд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Баъди натиҷагирии мусобиқа дар гурӯҳи «А» мунтахаби Ҷопон бо ҳафт имтиёз ҷойи аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби Тоҷикистон бо чор имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт. Ҳарду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Бояд гуфт, ки ба иллати борони сахт ду бозии даври севуми сабқати гурӯҳи «А» миёни дастаҳои Тоҷикистону Тайланд ва Малайзияву Ҷопон дирӯз баргузор нашуд. Ҳарду бозии гурӯҳи “А” субҳи имрӯз, 27-уми сентябр, дар варзишгоҳи «UM Arena»-и шаҳри Куала-Лумпур барпо гардид.

Дар бозии Тоҷикистону Тайланд ҳисобро бозигари тоҷик Озодбек Панҷиев дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 39-ум, боз кард. Супҳанат Муеанта, бозигари тайландиҳо, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 81-ум, ҳисобро баробар намуд. Баъди се дақиқа голи дувум ва ҳалкунандаи мунтахаби Тоҷикистонро Ислом Зоиров ба самар расонд.

Дар бозии дигари даври севум дар гурӯҳи «А» мунтахаби Ҷопон бар тими мизбон – Малайзия – бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё аз тими Малайзия бо ҳисоби 2:6 шикаст хӯрда, бозии дувумашро бо тими Ҷопон бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дода буд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии мусобиқа дар гурӯҳи «А» мунтахаби Ҷопон бо ҳафт имтиёз ҷойи аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби Тоҷикистон бо чор имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт. Ҳарду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Вале дастаҳои Тайланд ва Малайзия, ки бо сеимтиёзӣ мутаносибан зинаҳои севуму чорумро касб намуданд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуданд.

Марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола, ки 20-уми сентябр дар Малайзия оғоз ёфт, то рӯзи 7-уми октябр идома меёбад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии даври чорякниҳоӣ рӯзи 30-юми сентябр бо ғолиби гурӯҳи «В» ё Кореяи Шимолӣ ё Умон ва ё Урдун рақобат менамояд.

Бояд гуфт, ки чор дастаи беҳтарини қаҳрамонии наврасони Осиё-2018 соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17) мешавад, ки дар Перу барпо мегардад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола дар Малайзия

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «А»:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

3

2

1

0

7-2

7

2

Тоҷикистон

3

1

1

1

4-7

4

3

Тайланд

3

1

0

2

7-9

3

4

Малайзия

3

1

0

2

8-7

3


XS
SM
MD
LG